АЗ ЗИЛЗИЛАИ ҲОИТ 60 СОЛ СИПАРӢ ШУД

Июнь 11, 2009 16:03

               Рашт, 11 июн.(АМИТ «Ховар» Мирзосафар Ризвонов).-Заминҷунбии соли 1949 даҳшатноктарин ҳодиса буд. Ларзаи яклаҳзаина ва даҳшатбор тавонист як ноҳияи номдор ва қадимро аз харитаи ҷумҳурӣ маҳв намояд.Ин заминларза натанҳо ба ноҳияи Ҳоит балки ба ноҳияҳои Ғарм,Ҷиргатол ва Қалъаи лаби об (Тоҷикобод) низ таъсири калон расонд.150 деҳа вайрон шуд.Танҳо дар ноҳияи Ҳоит 55 деҳа тамоман ба хок яксон гардид. Зиёда аз 32 ҳазор одамон таги хок монданд.                Ҳоит яке аз қадимтарин туманҳои водии Рашт буд. Аз нақлу ривоятҳо маълум мегардад, ки дар асрҳои пешин низ Ҳоит овозадору обод будааст. Соли 1946 аз қалъаи Ҳисорак ҳайкалчаи зебое ёфт шуд. Ин ҳайкали қиматбаҳо ба асрҳои 11-1 пеш аз милод тааллуқ доштааст. Аз ин маълум мегардад, ки 2200 сол пеш Ҳоит як шаҳри ободу зебо будааст.                 Баъди интизориҳо соли 1976 дар Ҳоит хоҷагии давлатии чорвопарварии «Ҳоит» ташкил карда шуд.                 Соли 1983 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Ҷамоати деҳоти Ҳоит таъсис ёфт. Соли 1986 дар заминаи хоҷагии «Ҳоит» хоҷагии нави «Ясман» ба вуҷуд омад. Кони ангишти Назарайлоқ дар ҳамин давра ба истифода дода шуд. Ҳамагон хуб огоҳ ҳастанд, ки кор дар кони ангишти Назарайлоқ сол то сол хубтар ба роҳ андохта мешавад ва аҳолии навоҳии водии Рашт бо ангишти аълосифат таъмин карда мешаванд.Ҳатто ангишт аз ноҳияи Рашт ба ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ бурда мешавад.                Айни ҳол дар собиқ ноҳияи Ҳоит 23 деҳа дубора эҳё гардида, дар онҳо беш аз 12 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ доранд. Имрӯз дар собиқ ноҳияи Ҳоит ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, се мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, панҷ мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатӣ, китобхона ва дигар муассисаҳои давлатӣ фаъолият доранд.                 Моҳи декабри соли 2004 дар заминаи Деҳоти Ҳоит Деҳоти Ясман таъсис ёфт. Деҳоти мазкур низ аз дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ноҳия бенасиб намонд. 10-июли соли равон 60-солагии рӯзи ёдбуди Ҳоит қайд карда мешавад. Аҳли ҷамоатҳои Ясманд ва Ҳоит ба ёдбуд ҳаматарафа тайёрӣ дида, омадани меҳмононро интизоранд.

Июнь 11, 2009 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд