АЗХУДКУНИИ ИНВЕСТИТСИЯ БЕҲТАР ШУД

Июнь 5, 2009 10:49

                     Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар моҳи январ — апрели соли 2009 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 653140,4 ҳазор сомонӣ (бо нархҳои аслии амалкунанда) истифода карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2008 91325,8 ҳазор сомонӣ зиёд аст.                    Бояд тазаккур дод, ки 51, 7 фоизи ҳаҷми умумии инвеститсияҳои азхудкардашударо соҳаи энергетика ташкил медиҳад. Дар сохтмони иншоотҳои энергетикӣ 337681,6 ҳазор сомонӣ инвеститсияҳои сармояи асосӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва худи корхонаю ташкилотҳо 135476,8 ҳазор сомонӣ ё 40,1 фоз ва аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ 202204,8 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудаанд. 

Июнь 5, 2009 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд