БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ БА ФОИДАИ СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ АСТ?

Июнь 9, 2009 12:04

                  Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Моҳи майи соли 2009 моҳи шикасти асъори миллӣ нисбат ба доллар буд.                  Агар дар ибтидои моҳи май қурби 1 доллари амрикоӣ ба 3 сомонию 40 дирам ва ё дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 100 доллар бо 340 сомонӣ иваз карда мешуд, дар охири моҳи май қиммати 100 доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба 470 сомонӣ расид. Ин ғайр аз гӯл задании мардум чизи дигар набуд.                 Чаро сомонӣ бо доллар қиёс мешавад ва ин қиёскуниҳо ба манфиати кист?Ченаки хариду фурӯш ва ворид сохтани маводи ниёзи аввал аз Россия ба Тоҷикистон рубли Россия бо доллари амрикоист.                  Дар аввали моҳи май 1 доллари амрикоӣ арзиши 32,9 рубли русиро дошт, дар охири моҳ арзиши 1 доллари амрикоӣ ба 31,1 рубли русӣ баробар шуд, яъне доллар нисбати рубли русӣ ба андозаи 1,1 рубл коҳиш ёфт. Пас дар беқурб шудани асъори миллӣ нисбат ба доллар ба андозаи 1З0 сомонӣ дар 100 доллар қӣ даст дошт?                   Чизи дигари боиси шубҳаи мардум гардида он аст, ки бо як ишораи Бонки миллӣ дар нуқтаҳои мубодила пеши беқурбшавии асъори миллӣ гирифта шуд ва он аз 470 сомонӣ барои 100 доллар ба 442 сомонӣ паст карда шуд, ки ин аз тарафи коршиносон ҳамчун бозиҳои пасипардагии бонкдорон бо нуқтаҳои мубодилаи асъор дониста шудааст.                   Бадии кор дар он аст, ки бо беқурб кардани асъори миллӣ дар моҳи май нархи дар бозор боло рафта дигар паст нашуд ва он ҳанӯз рӯ ба боло рафтан дорад (кимати сӯзишворӣ аз 2 сомонию 30 дирам ба 2 сомонию 90 — 3 сомонӣ расида,нархи як халта орд аз 75-80 ба 110 сомонӣ боло бардошта шуд).                  Пас хулоса кардан мушкил нест, ки аз беқурбшавии асъори миллӣ нуқтаҳои мубодилаи он, соҳибкорон ва тоҷирон фоида мебинанд.

Июнь 9, 2009 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад