БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ СОДДАТАР ГАРДИД

Июнь 22, 2009 11:29

                 Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки вазифаи бақайдгирии соҳибкорон аз 1- уми июли соли ҷорӣ аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба ихтиёри Кумитаи андоз мегузарад. Ба замми ин, аз 1-уми июл аз ҷониби инспексияи андоз додани патент ва шаҳодатнома дар бораи қайди давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкории инфиродӣ, табааи хориҷӣ ва шахсони ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғул аз ҷониби шӯъбаҳои махсуси дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсисёфта, амалӣ мегардад.                 Агар то ин вақт марказҳои бақайдгирӣ танҳо дар маркази вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Бадахшон ҷойгир буданд, акнун онҳо ба маркази ноҳияҳо гузаронида шуданд.Ба тарзи дигар, бақайдгирии давлатии соҳибкорон содда карда шуд, ки ин хароҷоти зиёдатиро низ камтар кард.  

Июнь 22, 2009 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд