БА ПЕШВОЗИ ИДИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ, 22 июн дар Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар намоишгоҳи калони китоб кушода мешавад. Дар он дар мавзӯъҳои вахдату ягонагӣ, сулҳу осоиш, муборизаи халқи тоҷик ба муқобили истилогарони аҷнабӣ, қаҳрамонони халқи тоҷик, муттаҳид сохтани тоҷикон, созишномаи оштии миллӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон теъдоди хеле зиёди китобу маҷаллаҳо, аксҳо ва ҳуҷҷатҳо ба намоиш гузошта мешаванд. Директори китобхона Қурбон Афғонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳамчунин, бахшида ба ин рӯз, 26 июн кормандони китобхона дар мавзӯи «Санади сулҳ ва ваҳдати миллӣ» бо адибон ва хонандагони худ мулоқот хоҳанд гузаронд. Ғайр аз ин кормандони китобхона тасмим гирифтаанд, ки ба истироҳатгоҳҳои тобистона рафта, бо бачагон дар ин мавзӯъҳо сӯҳбат ороянд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






