БАРҚИЯИ ШОДБОШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА УНВОНИ Д. МЕДВЕДЕВ

Июнь 12, 2009 11:02

               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ба унвони Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:               «Дмитрий Анатолевичи мӯҳтарам, дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш Шуморо бо камоли қаноатмандӣ ба муносибати солгарди навбатии қабули Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии мамлакататон самимона табрик менамоям.                Тоҷикистон ба сатҳи имрӯзаи ҳамкорӣ ва ҳамгироии бисёрҷонибаи мамлакатҳоямон баҳои баланд дода, азми қавӣ дорад, ки барои таҳкими ҳамаҷонибаи шарокату ҳамкории стратегии мо кӯшиш ба харҷ диҳад.                Бо камоли қаноатмандӣ зикр менамоям, ки асоси муносибатҳои Тоҷикистону Русияро анъанаҳои устувори дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар ташкил медиҳанд ва онҳо ба манфиати ҳар ду давлат ва халқҳои онҳо муттасил густариш меёбанд. Ба ин мулоқоту гуфтушунидҳои ҳамешагии мо шаҳодат медиҳанд. Мо тайёрем, ки минбаъд ҳам гуфтушуниду мулоқотҳои муттасил ва эътимодбахши сиёсиро бо мақсади беш аз пеш густариш додани муносибатҳои мамлакатҳоямон дар ҳамаи соҳаҳо ривоҷ диҳем.                Дмитрий Анатолевичи мӯҳтарам, аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба Шумо саломатӣ ва мувафаққиятҳои нав ба манфиати Русия ва ба халқи бо мо дӯсти мамлакататон сулҳу осоиш ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям». Тарҷумон Қудратов А.  

Июнь 12, 2009 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд