БАРҚИЯИ ТАБРИКИИ Э. РАҲМОН БА МАҲМУДИ АҲМАДИНАЖОД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҳмуди Аҳмадинажод ба муносибати аз нав ба мақоми Президентии Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуданаш, барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: Ҷаноби Олӣ, Барои ман мояи ифтихор аст, ки Ҷаноби Олиро ба муносибати пирӯзиашон дар интихоби раёсати ҷумҳурии кишвари дӯст ва бародари Эрон самимона табрик ва муборакбод гӯям. Муҷаддадан ғолиб омадани Шумо дар ин интихоботи шаффоф ва озод, гувоҳи возеҳи пуштибонии мардуми Эрон аз сиёсати Ҷаноби Олӣ дар давраи аввали раёсаташон аст. Умедворам, ки дар ин раванд муносибатҳои бисёр наздик ва дӯстонаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон рушду густариши тозае хоҳад ёфт. Ба ҷаноби Олӣ сиҳату офияти комил, пирӯзиҳои ҷадид ва ба мардуми бародари Эрон рафоҳу осоиш ва пешрафт тамано дорам. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






