БАРНОМАИ НАВИ КУМАКИ ЮНИСЕФ БА ТОҶИКИСТОН

Июнь 11, 2009 16:59

                   Душанбе 11 июня. (НИАТ «Ховар», Фарангис Рахимова). — Организация ЮНИСЕФ в своем годовом совещании приняло решение пяти летнюю программу помощи 16 странам в том числе Таджикистану.                   Для выполнении сектора по Таджикистану этой программы предусмотрено 28 миллионов долларов США. Основные направление этой программы координированы Национальной стратегии развития Таджикистана, сокращение уровня бедности и другими правительственными программами. Ба гуфтаи вай, ғайр аз ин як қатор пешниҳодҳои вазорати тандурустӣ ва дигар сохторҳои давлатии Тоҷикистон барои баррасии Шӯрои иҷрояи ин бунёд ироа шудааат.                   Оқои Аслов афзуд, ки ҳамчунон барномаҳои давлатии мушаххас барои ҳар кадом самти барномаи ЮНИСЕФ, ба вижа стратегияи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон дар давраи то соли 2015, нақшаи миллии чорабиниҳо доир ба ҳифзи саломатии модарон ва дигар барномаҳои давлатӣ иҷро шуда истодаанд.                   Ба қавли сафири Тоҷикистон, ин самтҳо маблағталаб боқӣ мемонанд. Сабаби ин дар он аст, ки тамоми дигар мушкилиҳои иқтисодӣ, озуқавӣ, энергетикӣ бо иловаи офатҳои табиӣ пеш аз ҳама садди роҳи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ шуда, аз як тараф мушкилиҳои иловагӣ эҷод мекунанд ва аз дигар ҷониб ҳукумат маҷбур мешавад, маблағҳои зиёдро, ки барои ҳалли ин масалаҳои иҷтимоӣ таъин шудаанд, барои бартарафсозии мушкилиҳои мазкур сафарбар намояд.                  Ба ҳамин хотир ҳам, мегӯяд оқои Аслов, Тоҷикистон ба ёрии иловагии ниҳодҳои байналмилалӣ ниёзманд аст. Сафири Тоҷикистон гуфт, бино бар ин мо ба Шӯрои иҷрояи ЮНИСЕФ пешниҳод намудем, ки дар баробари иҷрои барномаи тасдиқшуда барои рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ, мушкилиҳои вобаста ба норасоии барқ ва бӯҳрони иқтисодӣ сармояи иловагӣ равона карда шавад.                  Сафири Тоҷикистон хабар дод, ки аксарияти аъзои Шӯрои иҷрояи ЮНИСЕФ ин пешниҳодро дастгирӣ карданд ва дастур дода шуд, ки минбаъд ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳои сармоягузор ва созмонҳои байнулмилалиро ҷиҳати иҷрои ин пешниҳод ва анҷоми барономаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистонро тақвият бахшанд

Июнь 11, 2009 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд