БЕҲТАРИН ҚОРИИ ҚУРЪОН КИСТ?

Июнь 12, 2009 10:12

                  Душанбе, 12 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи таҷлили 1310 -солагии поягузори мазҳаби ҳанафӣ — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит Имоми Аъзам дар «Маркази равобити пойтахт» нахустин озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим» оғоз гардид. Ин чорабинии фарҳангӣ бо ташаббуси Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам созмон дода шуда, дар он 120 нафар қориёни Қуръони азимушшаън аз саросари кишвар, ки дар давраҳои минтақавии озмун дар шаҳру ноҳияҳо ғолиб омадаанд, иштирок доранд.                  Дар маросими ифтитоҳи озмун вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, Раиси Шӯрои уламои кишвар Ҳоҷӣ Амонулло Неъматзода ва ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абдуҷалол Ализода ширкат карда, баргузории ин чорабинии фарҳангиро қадами устуворе дар роҳи ҳифзи китоби осмонӣ — Қуръони карим ва бузургдошти пешвои ҳанафимазҳабон — Имоми Аъзам арзёбӣ карданд.                  Назар ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, ҳадафи озмун дарёфти беҳтарин қориёни Қуръони маҷид ва тарғиби маърифати қуръонӣ мебошад.                  Дар оянда Вазорати маорифи кишвар тасмим гирифтааст, ки чунин озмунҳоро дар сатҳи байналмилалӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои Шарқи мусулмон дар Душанбе баргузор намояд.                   Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифз ва қироати Қуръон» пагоҳ ҷамъбаст гардида, беҳтарин қориёни Қуръон бо ҷоизаҳо сарафароз гардонида мешаванд.

Июнь 12, 2009 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд