БМТ НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОЯШРО ИНТИШОР КАРД

Июнь 17, 2009 12:02

                   Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бонки миллии Тоҷикистон дар заминаи аудити махсуси ширкати байналмилалии аудитии «Эрнст энд Янг» Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои тавсияҳои Меморандуми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати иқтисодӣ ва молиявӣ барои солҳои 2009‐2001-ро интишор намуд.                   Дар нақшаи чорабиниҳо қатъ кардани қарздиҳии бевосита ба бахши хусусӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон, омода намудани ҳисоботи тавозунӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2008 бо тақсимоти муфассал, пешниҳоди лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили идоракунӣ, таъмини назорати мустақили самараноки Раёсат, ҷудо намудани функсияи иҷроия ва назоратӣ зикр шудааст.                   Инчунин, дар ҳуҷҷати мазкур омадааст, ки тибқи тавсияҳои аудити дар соли гузашта гузаронидаи ин ширкат, натиҷаҳои аудит ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар навбати худ моҳи майи соли ҷорӣ Ҳукумат онро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол доштааст.                   Дар нақшаи чорабиниҳо таъкид мегардад, ки моҳи июни соли ҷорӣ барҳам додани Идораи татбиқи стратегияи ҳалли қарзҳои бахши пахтакории Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, моҳи июл аз ҶСП ТМҒ «Кредит‐Инвест» ва сармоягузорони соҳаи пахтакорӣ пешниҳоди қабул кардани ҳисоботи молиявии охирини аз ҷониби аудити берунӣ тасдиқшуда ва омӯзиши якҷояи онҳо бо ширкати таъиншудаи аудити берунӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор талаб карда мешавад.                   Дар санад ҳамчунин зикр мегардад, ки то ахири соли ҷорӣ БМТ тибқи тавсияҳои ширкати аудитории «Эрнст энд Янг», амалисозии чорабиниҳо оид ба ташкили низоми мутамаркази ҳисобдорӣ ва татбиқи таъмини барномавии баҳисобгирии мутамаркази амалиётҳои шӯъбаҳои минтақавӣ, таҳияи пешниҳодҳо оид ба таҷдиди сохтори БМТ ва гузаронидани нахустин аудити дохилии семоҳа ба ҳолати 30 сентябри соли 2009-ро ба нақша гирифтааст.                  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти БМТ иттилоъ доданд.

Июнь 17, 2009 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд