БОЗДОШТИ ШИКОРЧИИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ДАР МУРҒОБ

Июнь 9, 2009 15:15

                Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 8 июн кормандони ШКД-и ноҳияи Мурғоб дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ автомашинаи тамғаи УАЗ-569, ки таҳти идораи ронанда Аслибек Иброев қарор дошт, боздошт намуданд. Ҳангоми аз назаргузаронии автомашина аз он як халта иборат аз 15 кг гӯшти гусфанди кӯҳӣ (архар), ки шикораш дар Тоҷикистон манъ аст ва як туфанги шикории ИЖ-32 ва 5 дона тир бе ягон ҳуҷҷат ёфт ва мусодира карда шуд. Дар натиҷаи тафтиш муайян карда шуд, ки гӯшт ва яроқ ба мусофири автомашина, сокини деҳаи Кӯҳна Қурғони ноҳияи Мурғоб Ҷумъабой Носиров тааллуқ доштааст.                 Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2009 барои иҷозатнома ва шикори гусфанд кӯҳиро манъ карда, ин ҳайвон ба Китоби Сурх дохил шудааст.                 Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи табиати ҷумҳурӣ ҳар сол дар кишвар аз тарафи шикорчиёни ғайриқонунӣ 100 сар чунин ҳайврни нодир нест карда мешавад. Нархи бозории як сар архар 55 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад.                Тавре аз ВКД- и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нисбат ба Д. Носиров парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.

Июнь 9, 2009 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд