БУЗУРГДОШТИ ХОТИРИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Июнь 1, 2009 16:21

                         Душанбе 1 июн. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Минбаъд дар Тоҷикистон ҳар сол 30 сентябр рӯзи таваллуди шоир, мутафаккир ва файласуфи бузург Ҷалолиддини Балхӣ бо тантана таҷлили карда мешавад. Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки инчунин ҳар сол 17 декабр ҳамчун рӯзи эҷодиёти Ҷалолиддини Балхӣ ҷашн гирифта хоҳад шуд. Ин санаҳои таърихию адабӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Туркия, дар шаҳри Куния таҷлил карда мешаванд, ки оромгоҳи шоир дар ҳамон ҷо воқеъ аст.                          Аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд, ки дар ин бора зимни гуфтушуниди президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул паймон карда шуд. Тавре ки маълум аст, президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ҳафтаи гузашта барои боздиди нахустини расмӣ ба Тоҷикистон омада буд.Соли 2007 дар Тоҷикистон 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ ҷашн гирифта шуд.

Июнь 1, 2009 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд