ЧОРАБИНИҲО БАРОИ КЎДАКОН ДАР ҚЎРҒОНТЕППА
Қӯрғонтеппа, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба Рӯзи байнадхалқии кӯдакон чорабинии оммавӣ баргузор гардид. Хонандагони макотиби миёнаи шаҳр имконият доштанд дар давидан ба масофаҳои гуногун қувваозмоӣ кунанд. Хурдтаракони дабистонҳои шаҳр бошад дар велосипедронӣ қувваи худро санҷиданд ва ҳамзамон дар кашидани расм дар рӯи асфалт маҳорати худро намоиш доданд. Мусобиқаҳои дигари варзишӣ аз қабили шашка ва гуштин дар байни наврасон аз тарафи ҳакамон қадрдонӣ гардид. Сипас, барномаи калони консертӣ бо иштироки худи кӯдакон баргузор шуд. Ба ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа тӯҳфаҳо супорида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






