ДАЛЕЛҲОИ ҚОИДАВАЙРОНКУНИРО АНИҚ КАРДАНД

Июнь 5, 2009 13:56

                    Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар ҷамъбасти 5 моҳаи соли ҷорӣ ҳайати шахсии шўъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (БДА) зиёда аз 95 ҳазор вайронкунандагони қоидаи ҳаракати роҳ ба қайд гирифта шудааст.                   Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти БДА подполковник Шерафган Латифов, аз инҳо 881 далели бо истифодаи мошинҳо оинаҳои сиёҳшиша, 287 далел берақами қайди давлатӣ, 1 184 нафар ронандагон дар ҳолати мастӣ, 716 далели ба вуҷуд овардани вазъияти хавфнок, 3 379 далели гуфтугў бо телефон ва инчунин истифодаи асбобҳои акскунандаи телевизионӣ муҷаҳҳазшуда, 2 958 ҳолати вайрон кардани қоидаи чароғаки роҳнамо, 718 далели итоат накардан ба корманди БДА, 4 385 ҳолати вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ аз тарафи пиёдагардон ба ҳисоб гирифта шуд.                   Ҳамчунин дар ин давра 26 далели аз ҷои ҳодиса ғайб задани ронандагон ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 3 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида ва 23 нафар маҷрўҳ гардиданд.                   Дар натиҷаи гузаронидани корҳои оперативӣ аз тарафи шўъбачаи кофтукови БДА 20 ҷиноят кушода шуда, 6-тои он мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад. Инчунин 18 ҳодисаи рабудани воситаи нақлиёт, ки аз он 10 ҳодиса кушода шуда, 4 — то дарёфт шудааст ва 4 — тои он мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.                   Қобили зикр аст, ки дар давраи сипаришуда 2 ҳодисаи дуздии автомобил ба қайд гирифта шудааст, ки яктояш кушода шудааст.                  Ғайр аз ин дар ин муддат 45 садамаи нақлиётӣ бо иштироки кўдакону наврасон ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 6 нафар ба ҳалокат расида 44 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтаанд, ки 30 нафарашон хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мебошанд, — гуфт Шерафган Латифов.

Июнь 5, 2009 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад