ДАР ДУШАНБЕ КОНСЕПСИЯИ ТАҶДИДИ БЕМОРХОНАҲОРО БАРРАСӢ МЕКУНАНД
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз дар Душанбе конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010» кори худро оғоз намуд. Тавре аз маркази матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010» бо кӯмаки амалӣ ва маблағгузории Маркази Идораи Лоиҳа оид ба ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон (БОР) доир мегардад. Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур ду рӯз идома меёбад ва дар он сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






