ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛХАЛҚӢ КУШОДА ШУД

Июнь 10, 2009 15:50

                  Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия намоишгоҳи байналхалқии маҳсули дастони устоҳои халқии мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай кушода шуд. Намоишгоҳ ба мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ бахшида шудааст, ки дар ин ҷо ҳафтаи оянда шурӯъ мегардад.                  Дар шӯъбаи тоҷикистонии намоишгоҳ навъҳои гуногуни либосҳои миллиро дидан мумкин аст.                 Қисми зиёди онро намунаи либосҳои офаридаи устоди либосҳои навбаромади Тоҷикистон Мукаррама Қаюмова ташкил медиҳад. Дар ин ҷо ба тамошобинон сумкачаҳои гуногуни аз чарм тайёркардашуда, гилемҳои дастибофт, зарфҳои сафолию чинӣ, лоҷувардӣ ва асбобу анҷоми ороишии аз сангҳо ва фулузоти қиматбаҳо сохташуда пешкаш гардонда мешавад. Диққати онҳоро намунаи либосҳои мардонаю занона ва бачагона ба худ ҷалб хоҳад кард.                 Дар намоишгоҳ инчунин бештар аз 1550 нусха китоби чопи солҳои гуногун, китобҳои қадима ва нодир ба маърази тамошо гузошта шудаанд.                Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Миралӣ Достиев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки як қисми экспонатҳои намоишгоҳ баъди анҷом ёфтани он ба ҷамъиятҳои тоҷикони сокини Екатеринбург тӯҳфа карда хоҳад шуд.                Ғайр аз ин тамошобинон метавонанд экспонатҳои писандидаашонро харанд. Тарҷумон Қудратов А.

Июнь 10, 2009 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд