ДАР МӮЪМИНОБОД ПАСАНДОЗҲОИ ПУЛӢ АФЗУД
Мӯъминобод, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бар асоси иттилои мудири шӯъбаи бонки Амонатгузории № 63 ноҳияи Мӯъминобод Шодиҷон Миров маблағи пасандози шаҳрвандон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74 000 сомонӣ афзуд. Ба гуфтаи ин манбаъ айни ҳол 256 000 сомонӣ аз тарафи мизоҷон дар бонк пасандоз гардидааст, ки аз ин навъҳои пасандози мӯҳлатнок, ҷамъшаванда бо маблағи иловагии кӯдакон ба шумор меравад. Мавриди зикр аст, ки аз 1-уми май дар бонк пасандози нафақавӣ кушода шудааст, ки бо мӯҳлатҳои аз 3 моҳ то 1-сол бо 21 %-зи солона муқарар гардидааст, — афзуд Шодиҷон Миров.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






