ДАР ШӮРООБОД ШАҲРВАНДИ МУСАЛЛАҲИ АФҒОНИСТОН БОЗДОШТ ШУД

Июнь 5, 2009 15:24

                  Душанбе, 5 июн. (НИАТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 4 июни соли ҷорӣ кормандони шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари РКД-и вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани чорабинии махсус дар доираи амалиёти «Кӯкнор- 2009» дар ҳудуди ҷамоати Сари-Чашмаи ноҳияи Шӯрообод шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Баҳриддин валади Маҳмадназарро боздошт намуданд. Ҳангоми кофтуков аз борхалтаи ӯ 7 кг афюн ва як автомати Калашников бо 60 дона тир ёфт ва мусодира карда шуд. Аз ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.

Июнь 5, 2009 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд