ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД 26 КОРХОНАИ САНОАТӢ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНД

Июнь 10, 2009 10:25

                 Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар вилояти Суғд дар давоми 5 моҳи аввали соли ҷорӣ дар соҳаи саноат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 392,7 сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аст. Аз 234 корхонаи саноатӣ 135 корхона ё ки 57,7 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта бештар маҳсулот истеҳсол намуда, 73 корхона ё ки 31,2 фоиз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намудаанд ва 26 корхона ё ки 11,1 фоиз аз фаъолият боз мондаанд.                Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ 6 корхонаи нав ва таҷдидшудаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намуданд ва ба ин васила 190 ҷойи нави кории иловагӣ таъсис дода шуд.                Мавриди зикр аст, ки дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ 256,6 миллион сомониро ташкил дода, ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,6 фоиз зиёд аст.  

Июнь 10, 2009 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд