ДАР ВОСЕЪ БЕМОРИИ СИЛ КАМ ГАРДИД
Восеъ, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бар асоси иттилои директори маркази мубориза алайҳи сили ноҳияи Восеъ Раҳмоналӣ Асоев дар ноҳия дар се моҳи соли ҷорӣ 142 нафар гирифтори касалии сил буда аз ин 117 нафарашон бори аввал мебошанд. Ба гуфтаи Асоев шумораи ин бемории сироятӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам гардидааст. Дар ин асно мудири шӯъбаи беморхонаи сил Ҳафиз Астанаев гуфт, ки айни ҳол дар беморхона 48 нафар беморон муолиҷа мегиранд. Барои ҳар як бемор 48 дирам барои доруворӣ, 90 дирам барои хӯрока ҷудо мегардад, ки ин маблағи ночиз ба ҳисоб меравад. Гуфта мешавад, ки соли 2008 — 25 нафар, соли 2009 — 12 нафар аз ин бемории сироятӣ фавтиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






