ДАВЛАТИ ЧИН ДАР ҲАМКОРӢ СОДИҚ АСТ
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тзинтао дар ҷаласаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки дар Петербург баргузор гардид, иброз дошт, ки барои раҳоӣ аз бӯҳрони молиявӣ ба давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай 10 млрд. доллар ҷудо хоҳад кард. Ху Тзинтао таъкид намуд, ки танҳо ҳамкорӣ дар доираи чаҳорчӯбаи созмони мазкур метавонад моро аз бӯҳрони молиявӣ наҷот диҳад. Ҳоло суръати бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар як қатор давлатҳои ҷаҳонӣ ба дараҷаи аълои худ расидааст. Дар як қатор давлатҳо бошад, иқтисодиёт фалаҷ гардида, оқибатҳои онро пешгӯӣ кардан мушкил аст. -Давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай имкони пешгирии онро доранд, ман ба ин итминон дорам,- иброз дошт раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар саммити Созмони Ҳамкорихои Шанхай дар Петербург. -Дар сурати аз ин маблағ ҷудо шудани 1 млрд. доллар ба Тоҷикистон иқтисодиёти он зарар нахоҳад дид, — иброз дошт иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






