ДИРЕКТОР БА ВАЪДА ВАФО МЕКУНАД
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Пагоҳ бори аввал аз майдони ҳавоии шаҳри Душанбе ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия парвози самалёти навъи «Боинг-757-200» ба роҳ монда мешавад. 12 -уми июн бошад хатсайри Душанбе -Иркутск кушода мешавад. Дар назар аст, ки ҳафтае як маротиба парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои нав ба нақша гирифта шавад. Бо зиёд шудани мусофирон метавонад ин реҷа таъғир ёбад. Боиси ёдоварист, ки директори генералии ширкати ҳавопаймоии миллӣ Алимурод Маҳмадалиев дар ҷамъбасти семоҳа дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳангоми баргузории конфронси матбуотӣ иброз дошт, ки соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии миллӣ ба 7 шаҳри Федератсияи Россия хатсайрҳои нав мекушояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






