ФУРУДГОҲИ ХУҶАНД НИЗ ХОНА МЕСОЗАД

Июнь 20, 2009 10:43

                 Қӯрғонтеппа, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ сохтмончиёни вилояти Суғд сохтмони 12 хонаро дар ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон ба охир мерасонанд. Муовини аввали раиси вилояти Суғд Шакарбек Самадов қайд кард, ки барои сохтмони хонаҳо дар ноҳияи Хуросон ситоди махсус ташкил карда шуд. Аз ҳисоби буҷети вилоят дар ин ҷо 10 хонаи истиқоматӣ сохта мешавад. Майдони ҳавоии байналхалқии Хуҷанд 2 бинои истиқоматӣ месозад, гуфт Ш. Самадов.                 Ш. Самадов зикр кард, ки хонаҳо барои зарардидагон дар Рӯзи иди ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешаванд.  

Июнь 20, 2009 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад