ГӮШАҲОИ «ДЕҲҚОН» БА ДЕҲҚОНОН ДОДА ШУД

Июнь 16, 2009 15:41

               Душанбе, 16 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Аз имрӯз эътиборан 114 адад гӯшаҳои «Деҳқон»- ки дар тавозуни шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр буданд, ба ихтиёри субъектҳои истеҳсолии ноҳияҳои ҳамсарҳади пойтахт вогузор карда мешаванд.                Ин иқдом аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии пойтахт, дастёбии сокинон ба маҳсулоти хушсифати истеҳсоли хоҷагиҳои кишоварзӣ андешида шуд.                Хоҷагиҳои мазкур имкон доранд, ки бе пардохти иҷорапулӣ ва дигар андозҳои маҳаллӣ танҳо бо пешниҳоди сертификати сифати маҳсулот ва таъмини ҳолати санитарӣ аз гӯшаҳои мазкур аз 16 июн то 1 декабри соли 2009 истифода намоянд.                 Тадбири мазкур, ҳамзамон бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар шароити бӯҳрони молиявию иқтисодӣ андешида шуд.

Июнь 16, 2009 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд