ГАЗИ ВОРИДШАВАНДА ФАҚАТ БА ЗАВОДИ АЛЮМИНИЙ МЕРАСАД

Июнь 19, 2009 11:07

                 Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои «Тоҷиктрансгаз» аз 16-уми июни соли ҷорӣ интиқоли газ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 50 фоиз кам карда шуд.                 Бино ба гуфти мутахасисони соҳа, барои талаботи аҳолии Тоҷикистон ва корхонаҳои саноатии кишваарро бо газ таъмин кардан дар ҳар соат 100 ҳазор м3 гази табиӣ зарур аст. Ҳоло ҳар соат ба қисмати ҷанубии кишвар 6 ҳазор м3 ва ба қисмати шимолии кишвар 5 ҳазор м3 газ ворид мегардад, ки ин нисбат ба талабот 10 карат камтар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон гази воридшударо танҳо барои фаъолияти корхонаи алюминии тоҷик, ки он ҳам ба тарзи минималӣ аст, истифода мекунад.                 Сабаби қатъ шудани газро «Тоҷиктрансгаз» дар напардохтани ҳаққи истифодаи он медонанд.   

Июнь 19, 2009 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд