ГЕРОИН ДАР МЕВАИ ХУШК

Июнь 24, 2009 10:26

                       Маскав, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Федератсияи Русия барои дастгир кардани аъзои гурӯҳи муташаккили қочоқчиёни нашъа амалиёти махсус гузаронд. Ба фаъолияти ин гурӯҳ, ки дар Русия амал мекард, аз Тоҷикистон роҳбарӣ карда мешуд. Ба хадамоти мазкур хабар дода шуд, ки аъзои гурӯҳ миқдори зиёди маводи нашъадорро аз Тоҷикистон ба Русия овардан мехоҳад. Қочоқчиён маводи нашъадорро бо мошини боркаши «Мицубиси Контер» оварданӣ буданд. Мошини боркаши мазкурро гурӯҳи дигари қочоқчиён дар мошини сабукрави «Ровер» муҳофизат мекард. Дар ҷараёни амалиёти дастгир намудани коҷокчиён ба кормандони политсия муқовимати муссалаҳона нишон дода шуд. Яке аз кормандони политсия дар зери мошин монд. Дар мошини боркаш қариб 2 тонна меваи хушк ҷой карда шуда буд. Дар дохили зардолуқоқ қариб 3,5 килограм маводи нашъадори героин пинҳон карда шуда буд. Дар натиҷаи амалиёт 4 шаҳрванди Тоҷикистон дастгир карда шуд.

Июнь 24, 2009 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид