ГУРЎҲИ ҲУНАРПЕШАГОНИ ЎЗБЕК БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

Июнь 11, 2009 09:54

                Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Гурӯҳи машҳури ҳунарии «Боҷаҳо»-и Ҷумҳурии Ўзбекистон ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ хоҳад кард. Аъзоёни гурӯҳ 28 июн дар Сирки давлатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд. Ташкилкунандаи сафари ҳунарии ҳунарпешагони Ўзбекистон Муассисаи давлатии ҳунарии «Базморо» мебошад.                Гурӯҳи мазкур соли 2006 дар Ўзбекистон дар бахши «Дастаи эстрадии мамлакат» дастаи беҳтарин эътироф шуда буд. Ҳунарпешагони ӯзбек дар шаҳри Душанбе фақат як консерт медиҳанд. Онҳо бегоҳии 28 июн ба шаҳри Турсунзода хоҳанд рафт.

Июнь 11, 2009 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд