ГУРЎҲИ МУТАШАККИЛИ ҚОЧОҚЧИЁНИ МАВОДИ НАШЪАДОР ФОШ КАРДА ШУД

Июнь 9, 2009 15:06

              Маскав, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Дар хабари Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия гуфта мешавад, ки кормандони мақомоти амниятӣ дар шаҳри Сизран гурӯҳи муташаккили қочоқчиёни маводи нашъадорро фош намуданд. Аъзои гурӯҳ маводи нашъадори истеҳсоли Афғонистонро ба воситаи Тоҷикистон ба Русия интиқол медоданд. Дар ҷараёни амалиёти махсус яке аз фурӯшандагони маводи нашъадор дастгир шуд.               Зимни кофтукови хона ва мошини сабукрави шахси дастгиршуда, сокини 51- солаи шаҳри Сизран Алексей К. 15,5 килограмм героин ёфт шуд. Маводи нашъадор дар 13 зарфи пластикӣ ҷой дода шуда буд. Миқдори умумии қабули якдафъаинаи маводи нашъадор 31 миллион вояро ташкил медод. Нархи маводи нашъадор дар бозори сиёҳ тақрибан 23 миллион рубли Русияро ташкил медиҳад.              Аз рӯи хабари мақомоти корҳои дохилии шаҳри Сизран, маводи нашъадор аз Тоҷикистон ба Русия ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан фиристода мешуд. Қочоқчиён дар ҷои таъиншуда, вақте, ки суръати ҳаракати қатора суст мешуд, халтаҳои маводи нашъадорро ба берун мепартофтанд ва шариконашон онро қабул мекарданд.              Қочоқчиён баъдан маводи нашъадорро дар шишачаҳо ҷой дода, ба нашъамандон мефурӯхтанд.              Алексей К. дар Тоҷикистон зиндагӣ мекард ва 4 сол пеш ба Сизран кӯчида, яку ним сол пеш шаҳрванди Русия гардида буд.              Тавре ки маълум шуд, ӯ дар Тоҷикистон бо қочоқчиёни маводи нашъадор алоқа доштааст.              Алексей К. ба ватани аҷдодии худ омада, аз паи ҷустуҷӯи кор нашуд ва бо фурӯшандагони нашъа муносибати ҳамкорӣ барқарор намуд. Қочоқчиён маводи нашъадорро дар маҳалҳои истиқоматии округҳои федералии шимолу ғарбӣ, марказӣ ва Приволжск мефурӯхтанд.             Айни ҳол нисбати Алексей К. парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Барои муайян ва дастгир намудани шарикони ӯ табдирҳои таъҷилӣ гузаронида мешаванд.

Июнь 9, 2009 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст