ХАЙРИНИСО ЮСУФӢ БО ЗАНОНИ МАСТЧОҲ МУЛОҚОТ МЕКУНАД
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 25 июни соли ҷорӣ раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ба ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сафар мекунад. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи занон иттилоъ доданд, Хайринисо Юсуфӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ бо як қатор занони ноҳияи Мастчоҳ мулоқот мекунад.Бояд қайд намуд, ки ҳар сол дар минтақаҳои гуногуни кишвар барои таҷлил гардидани иди Ваҳдати миллӣ ба ободу зебо гаштани тамоми гӯшаю канори кишвар мулоқоту чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад. Ёдовар мешавем, ки 27 июни соли ҷорӣ ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд баргузор мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






