«ХУН БО НОМИ ҲАЁТ»

Июнь 15, 2009 10:46

                    Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — «Хун бо номи ҳаёт» — таҳти ин шиор рӯзи 13 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва дастгирии барномаи мубориза бо ВИЧ/СПИД, сил ва вараҷа (ПРООН) бори аввал телемарафон гузаронида шуд.                   Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин чорабинӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун баргузор гардид. Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун ҳамчун иди ҳамасола аз тарафи вазирони тандурустии ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ассамблеяи Умумиҷаҳонӣ соли 2005 қабул гардидааст ва ҳар сол сафи давлатҳои аъзо ва миқдори чорабиниҳои дар ин давлатҳо гузаронидашаванда зиёд мегарданд.                   Баргузории Рӯзи умумиҷаҳонии донори хунро ҳамчунин Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Федератсияи созмонҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Федератсияи умумиҷаҳонии созмонҳои донори хун ва Созмони умумиҷаҳонӣ оиди хунгузаронӣ ҳамоҳангсозӣ мекунанд.                  Хундиҳии мунтазам барои пешгирии бемориҳои системаи дилу раг фоиданок буда ба худэҳёшавии тамоми организм мувофиқат менамояд. Олимон аз шаҳри Куопиои Финландия 5 ҳазор мардонро муоина намуда, маълум карданд, ки шахсони мунтазам хунсупоранда ба сактаи қалб даҳҳо маротиба камтар гирифтор мешаванд.                   Хундиҳӣ бевосита ба беҳшавии ҳолати ҳиссиётии одам таъсир мерасонад. Дар вазъиятҳои ҷиддӣ ба монанди ҳодисаҳои нохуш донор имконияти зиёдтари зинда монданро дорад, зеро организми ӯ ба талафи хун мутобиқ гардидааст.      

Июнь 15, 2009 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд