ИСФАРА-МАКОНИ ХУШКМЕВАИ САРА

Июнь 15, 2009 17:20

                     Исфара, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ). — Соҳибкорони ҶММ (Ҷамъияти масъулияташ маҳдуд)-и шаҳри Исфара соли 2-юм аст, ки анвои гуногуни меваҳои шаҳдвори Тоҷикистонро дар шаклу намудҳои мувофиқ ба стандартҳои бозори ҷахонӣ содир менамояд. Илова бар ин навъҳои навро чустучӯ доранд. Фаъолияти зиёда аз 1 солаи корхонаи мазкур собит сохт, ки 21 навъу намуди меваҳои хушкшуда- хусусан 4 навъи қоқи зардолу дар бозори беруна талабгори зиёд пайдо намуд. Ҳамчунин чормағзи зотӣ, мағзи донаки зардолу, мағзи чормагз, мавиз, кишмиши сафед, кишмиши сиёҳ аз харидорони хориҷӣ баҳои баланд гирифт. Дар давлатҳои хориҷӣ меваҳои Тоҷикистон ки аз нигоҳи экологӣ тоза, сервитамин ва хуштаъму болаззат аст, талабгорони зиёде доранд.                     Ин корхона бо кӯмаки ширкати «МЕДА» созмон ёфтааст, хатти технологии сохти навтарини коркарди зардолуи хушк истеҳсоли ширкати «АЛПЕТКИН»-и Туркия васлу насб гардидааст, чавобгӯи талаботҳои меъёрҳои стандарти чаҳонист. Ин технология сифати баланди истеҳсоли маҳсулотро таъмин менамояд. Кормандони ширкати «Таджфрукт» дар Туркия ИМА ва Канада коромӯзӣ намуда, дар намоишгоҳҳои ҷахонӣ ширкат варзидаанд.                     Иқтидори пурраи корхона нишон дод, ки дар як моҳ 110 тонна зардолуи хушкро коркард мекунад. Аз ҷониби мутаххассисони ин ширкат ҳамарӯза омӯзиши бозори истеъмолии ҷаҳонӣ ба меваҳои хушк гузаронида мешавад. «Таджфрукт» маваҳои номдори боғбонҳои тоҷикро ба бозори ҷахонӣ пешниҳод менамояд.                     Имрӯзхо дар саҳроҳои Тоҷикистон меваҳо пухта мерасанд «Таджфрукт» онҳоро харидорӣ намуда, ба ҷаҳониён пешниҳод мекунад.

Июнь 15, 2009 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд