ИСТЕҲСОЛИ ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ

Июнь 15, 2009 17:18

                    Исфара, 15 июн.(Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).- Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи (ҶСШК) «ЧАРОҒ» ҷавобан ба икдоми Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истеҳсоли лампаҳои каммасрафро оғоз менамояд.                    ҶСШК «ЧАРОҒ» бо ширкатҳои хитоии «ШАНХАЙ ДАРБАР» ва ширкати «АВТО ЭЛЕКТРО ДИОД»-и шаҳри Москва ҳамкорӣ намуда, барои истеҳсоли лампаҳои каммасраф омодагӣ доранд.                    То ин дам, ҶСШК «ЧАРОҒ» ба истеҳосли маҳсулоти электротехникӣ машғул буд. Акнун имконияти истеҳсоли лампаҳои каммасраф пайдо намуд. Масолеҳи сехи қолибсозии корхона ҳамчун як чузъи истеҳсоли лампаҳо истифода хоҳад шуд.                   Дар марҳилаи аввал тарафҳои ҳамкор хуҷҷатҳои таҷҳизоти техникию технологиро оид ба фурӯши як миллион дона лампаҳои каммасраф дар соли аввали татбиқи лоиҳа пешниҳод намуданд.                   Намояндагони Палатаи савдо ва саноати ҷумхурӣ, Вазорати савдо ва рушди иқтисод , Бонки Миллӣ аз ҶСШК «ЧАРОҒ» дидан карда, расондани кӯмак барои ташкили кор ва додани қарзи имтиёзнокро изҳор намудаанд. Пешниҳод намудани ин ҳуҷҷатхо шарти асосӣ барои гузаштан ба марҳилаи 2-юми иҷрои созишномаи ҳамкорӣ мебошад. Дар мӯҳлати муайяншуда, яъне 4-5 моҳи наздик ба кор шурӯъ намудани корхона дар Исфара аз ин вобаста мебошад.                  Дар марҳилаи 2-юм сафари хизматии тарафҳо ба ҷумхурии Хитой дар назар аст.  Дар натиҷаи ин сафар тарафхо хатти технологии истеҳсоли лампаҳои каммасрафро харидорӣ менамоянд ва оид ба таъмини қисмҳои лампаҳо шартнома ба имзо мерасад.                  Албатта ҶСШК «ЧАРОҒ»-и Исфара бо сифати баланд ва хеле арзон истеҳсол мешавад.                 Дар ин бора сармуҳандиси корхона Баходур Сангинов ба мухбирони АМИТ «ХОВАР» маълумот дод.  

Июнь 15, 2009 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд