ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ МУТОБИҚАТ МЕКУНАД
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноат дар моҳи январ — апрели соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 392,8 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки ба ҳамин давраи соли 2008 мутобиқат мекунад. Дар корхонаҳои коркарди пахтаи ҷумҳурӣ дар 4 моҳи аввали соли 2009 ба маблағи 140,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 18, 8 фоиз кам аст. Кам шудани истеҳсоли маҳсулоти пахта далели таъсири манфии бӯҳрони молиявӣ дар корхонаҳои коркарди пахта бар асари поён рафтани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ дониста мешавад. Таъсири бӯҳрони молиявӣ ҳамчунин ба корхонаҳои дар ҳайати вазорату идораҳои ҷумҳурӣ набуда низ беасар набуд ва дар ин корхонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2008-21 фоиз камтар маҳсулот истеҳсол гардид.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






