ИТТИЛООТОНИИ МАРДУМ КАМ АСТ

Июнь 11, 2009 10:03

                   Душанбе, 11 июн.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз қабули Фармони Президент «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфакоронаи барқ ва ҳифзи он» бештар аз як моҳ гузашта бошад ҳам, на ҳама ба истифодаи он гӯзаштанд.                  Назари чанд нафарро, ки барои истифодабарӣ маълумоти кофӣ надоранд, пешкаши хонандагон мегардонем.                  Мирзо Юсуфӣ (сокини Ваҳдат)                  Дар солҳои 60-70 -и асри гузашта табибон истифодаи лампаҳои люминесентиро баро таъсири бади симоби чангдодашудаи дохили он ба чашм, иҷозат намедоданд, шояд сохти нави онҳо аз ин камбудиҳо орӣ бошад, намедонам.                  Нафақахӯр Шодӣ Расулов (ноҳияи Рӯдакӣ)                  Ҳукумат моро бо ин лампаҳо таъмин мекунад, вале намедонам таъминот доимӣ бошад ё яквақта, агар яквақта бошад ман бо пули нафақаам онро харида наметавонам.Ася Клейменова (программист).                  — Агар истифодаи он барои вазорату идораҳо бошад, бадӣ надорад, аммо барои истифодабарии мардуми шаҳру деҳ чандон хушоянд нестам.                  Николай Манилов (коршинос)                  Шикастани ин лампаҳо бо сабаби доштани симоб қатъан манъ аст. Тез -тез каму зиёд шудани шиддат онро аз кор мебарорад, дар байни як-ду дақиқа се-чор маротиба хомӯш кардани он боиси кам шудани мӯҳлати истифодабарӣ мегардад.                  Таҳлили мазкур бозгӯи он аст, ки мардум то ҳол дар бораи масъалаи мазкур маълумоти пурра надоранд.

Июнь 11, 2009 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд