КӢ ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН МЕШАВАД?

Июнь 12, 2009 16:35

                       Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Сарфи назар аз сари қудрат омадани ҳар номзад дар интихоботи Президенти Эрон, муносибатҳои Эрону Тоҷикистон бидуни шак тағйир нахоҳанд ёфт, ва он ба сатҳи муносибтаре хоҳад расид, зеро яке аз ҳадафҳои Эрон густариши ҳар чӣ бештари равобити самарабахш бо Тоҷикистон аст», гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Сафири Эрон дар Тоҷикистон Парвиз Самадӣ.                      Мавсуф зикр кард, ки имрӯз дар Эрон чорабинии муҳими сиёсӣ -даҳумин давраи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гашта истодааст, ки дар он беш аз 40 миллион интихобкунандагон ба тарафдории чор номзад ба мансаби президентӣ — Маҳмуд Аҳмадинажод (Президенти феълӣ), Мирҳусейни Мусавӣ (Собиқ Сарвазири Эрон), Меҳдӣ Каррубӣ (собиқ раиси Маҷлис) ва Мӯҳсин Ризоӣ (собиқ фармондеҳи горди Инқилоб) раъй медиҳанд.                       Ҳамзамон дар 110 кишвари ҷаҳон, ки Эрон намояндагии дипломатӣ дорад, ҳавзаҳои интихоботӣ таъсис дода шудааст. Аз ҷумла, дар Сафорати Эрон дар Душанбе ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шуд, ки дар он беш аз 1000 нафар эрониёне, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият менамоянд раъй медиҳанд. Инчунин, ба маҳали сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда -2», ки дар он 280 нафар мутахассисони эронӣ кор менамоянд, қуттии сайёри овоздиҳӣ фиристонида шуд. Парвиз Самадӣ зимни посух ба саволе, ки кадоме аз номзадҳо имконияти бештари ба сари қудрат омаданро доранд, посух дода гуфт, ки ҳар номзадеро, ки мардум интихоб бикунанд ӯ ба манфиати Эрон ва пешрафту хукуфоии ин кишвар аст. Ва инро вақт нишон медиҳад.                       Бояд тазаккур дод, ки дар интихоботи президентии Эрон ду номзад Маҳмуд Аҳмадинажод (Президенти кунунӣ) ва Мирҳусейни Мусавӣ (собиқ Сарвазир) бештар ба рақобати шадид рӯ ба рӯ гаштаанд. Интизор аст, ки дар мавриди овози бештаре ба даст наовардани чор номзад, даври дуюми интихобот дар ин кишвар 19 -уми июн баргузор хоҳад шуд.

Июнь 12, 2009 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд