КОНФРОНСИ ИҚТИСОДИИ СҲШ
Санкт-Петербург, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр).- Дар шаҳри Санкт-Петербург дар доираи мулоқоти байналхалқии иқтисодӣ конфронси иқтисодии мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва роҳҳои бартараф сохтани оқибатҳои он муҳокима шуданд. Конфронси мазкурро Шӯрои тиҷоратӣ ва Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ баргузор сохтанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар конфронс вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода, раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралиев, муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноат Одил Сангов ва раиси Иттиҳодияи миллии тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон Матлуба Ўлҷабоева ширкат варзиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






