КЎМАКИ ИЛОВАГИИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БАРОИ ТАРМИМИ РОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН

Июнь 20, 2009 11:45

                   Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Гуфтушуниди намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё дар масъалаи ҷудо кардани маблағи иловагӣ барои тармиму таҷдиди роҳи мошингради Душанбе-сарҳади Қирғизистон анҷом ёфт. Дар натиҷа паймон шуд, ки Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон барои тармими роҳи мазкур ба маблағи 20 миллион доллари ИМА кӯмак мерасонад. Саҳми Ҳукумати Тоҷикистон дар ин барнома 5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.                  Роҳи мошингарди Душанбе-сарҳади Қирғизистон дар давоми 30 моҳ тармим карда хоҳад шуд. Иҷрокунандаи барномаи тармими роҳи мазкур вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи мамлакат мебошад. Бояд гуфт, ки ин роҳ мамлакатҳои Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон, Афғонистон ва Ўзбекистонро бо ҳамдигар мепайвандад.                  Ҳадафи иҷрои барнома то ҳадди имкон кам кардани хароҷоти ҳамлу нақли мол ба воситаи нақлиёти автомобил, ривоҷ додани тиҷорату ҳамкории минтақавӣ ва ба бозори мамлакатҳои дигар роҳ ёфтани давлатҳои минтақа мебошад.                                                                                                                   Тарҷумон Қудратов А.

Июнь 20, 2009 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд