КУШОДАШАВИИ КОНСУЛХОНАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶТ ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- 3 июн зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири кабири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов масъалаҳои омода сохтани сафари кории Президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ва иштироки ӯ дар маросими пурра ба истифода додани НБО «Сангтуда-1» муҳокима карда шуданд. Мусоҳибон ба натиҷаи маҷлисҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои СҲШ ва СААД дар шаҳри Маскав, инчунин мулоқоти қарибулвуқӯи сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Екатеринбург дахл намуданд. Ҳ. Зарифӣ ба сафири Русия хабар дод, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари Екатеринбург бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон ва донишҷӯён мулоқот карда, дар маросими кушодашавии Консулхонаи генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ширкат хоҳад варзид. Сафири Русия изҳор намуд, ки ба гузаронидани тадбирҳои мазкур дар сатҳи олии ташкилӣ мусоидат хоҳад кард. Сипас мусоҳибон масъалаҳои марбут ба ҳамкории ҳар ду кишвар ва масъалаҳои дигари мавриди назарашонро баррасӣ карданд. Тарҷумон Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






