МӮЪМИНОБОД ИНШООТИ НАВ МЕСОЗАД

Июнь 17, 2009 16:17

                 Мӯъминобод, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар ноҳияи Мӯъминобод сохтмони бинои нави шӯъбаи маориф босуръат идома дорад, гуфт муҳандиси Ҷамъияти Саҳҳомии шакли пушидаи «Ҳасанҷон» Рамазон Одинаев ва афзуд, ки дар сохтмони бино 15 нафар сохтмончиён фаъолият дошта музди миёнаи онҳо аз 450 то 500 сомониро дар бар мегирад. Ба гуфтаи ин манбаъ барои сохтмони бино аз тарафи вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 510 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, то ин ҷониб маблағи 250 ҳазор сомонӣ барои вусъати корҳои сохтмони масраф гардидааст. Бинои мазкур аз 11 утоқи корӣ ва 1 зали маҷлисгоҳ иборат мебошад. Мавриди зикр аст, ки сохтмони бино аз 15 январи соли ҷорӣ оғоз гардида, то ҷашни Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Июнь 17, 2009 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд