М. АҲМАДИНАЖОД БА ИМКОНИЯТҲОИ СҲШ БАҲОИ БАЛАНД ДОД

Июнь 17, 2009 10:25

                 Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод чунин мешуморад, ки Созмони Ҳамкории Шанхай имкониятҳои худро истифода бурда, ояндаи наздик дар ҳалли проблемаҳои иқтисодии минтақа ва ҷаҳон нақши муҳим бозида метавонад.                 Вай қайд кард, ки дар қаламрави мамлакатҳои аъзои созмон захираҳои нафту газ хеле зиёданд. Ин мамлакатҳо дорои захираи фаровони қувваи корӣ буда, аз технологияи олӣ ва арзишҳои фарҳангӣ бархурдоранд. Онҳо метавонанд дар мавриди дуруст истифода бурдани имкониятҳояшон бисёр масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангиро мусбат ҳал намоянд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки президенти Эрон дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СҲШ ҳамчун мушоҳид иштирок дорад.                  Ба қавли М. Аҳмадинажод, ҳамкории иқтисодии мамлакатҳои аъзои созмонро бо роҳи таъсиси бонки умумӣ вусъат додан зарур аст. Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки пули ягонаи мамлакатҳои аъзои созмон ҷорӣ карда шавад. Ман пешниҳод мекунам, ки барои ба даст овардани ин ҳадафҳо аз имкониятҳои палатаи тиҷоратию саноатии Теҳрон истифода бурда шавад, гуфт М. Аҳмадинажод.                   Вай изҳор намуд, ки давраи таназзули давлатҳои абарқудрат фаро расидааст. Ҳукмронии онҳоро дигар барқарор кардан мумкин нест. Ба ақидаи президенти Эрон, бӯҳронҳои гуногуни молиявию иқтисодӣ маҳз кори ҳамон давлатҳои абарқудрат мебошад. Онҳо мехоҳанд бо ин роҳ дороии мамлакатҳои дигарро ба даст оранд. Солҳои охир боварию эътимоди ҷомеаи ҷаҳон ба давлатҳои абарқудрат торафт коҳиш меёбад, гуфт М. Аҳмадинажод.  

Июнь 17, 2009 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд