МАҶЛИСИ ГУРЎҲИ КОРИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР ДУШАНБЕ

Июнь 15, 2009 10:40

                     Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ маҷлиси навбатии гурӯҳи кории байналхалқӣ баргузор гардид. Дар маҷлис директори агентӣ Рустам Назаров, намояндагони муассисаҳои дахлдори СММ, кормандони сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, роҳбарону кормандони раёсату шӯъбаҳои агентӣ ва рӯзноманигорон иштикор доштанд. Дар маҷлис масъалаҳои ҷудо кардани маблағ барои таъмини фаъолияти агентӣ дар нимаи аввали соли 2009 ва иҷрои барномаҳои алоҳида дар нимаи дуюми соли равон муҳокима шудаанд.                  Тибқи нақша бо маблағи грантҳои СММ дар ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб филиалҳои агентӣ, озмоишгоҳи ташхиси судии агентӣ дар Қӯрғонтеппа, маркази истифодаи сагҳои хизматӣ ташкил карда мешаванд. Иштирокчиёни мулоқот масъалаи бо маблағ таъмин кардани фаъолияти намояндагии агентӣ дар вилояти Тахори Афғонистонро низ баррасӣ намуданд.  

Июнь 15, 2009 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд