МАКТАБИ НАВ ДАР ДЕҲАИ ЛУЧОБ

Июнь 2, 2009 12:02

                         Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Имрӯз дар деҳаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мактаби нави таҳсилоти ҳамагонии рақами 47 ба истифода дода шуд. Ба ин муносибат субҳи имрӯз дар ин ҷо ҷамъомади серодам баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд.                        Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сохтмони мактаб як сол давом кард, барои сохтмони он аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 8, 7 миллион сомонӣ сарф карда шуд. Дар мактаби нав 624 талаба таҳсил мекунад.                        Сарвари давлат баъди маросими кушодашавии мактаб бо шароити таҳсил дар он шинос шуд. Бояд гуфт, ки синфхонахои мактаб бо тамоми асбобу анҷоми зарурӣ таъмин карда шудаанд. Мактаб дорои толори калони варзишӣ ва маҷлисгоҳ мебошад.

Июнь 2, 2009 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд