МАМЛАКАТҲОИ ИДМ БА МУҚОБИЛИ БЕМОРИИ ЗУКОМИ A/HINI ЯКҶОЯ МУБОРИЗА МЕБАРАНД

Июнь 12, 2009 15:09

               Маскав, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Дар шаҳри Маскав машварати намояндагони Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Молдавия, Русия, Ўзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ баргузор гардид. Дар он роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотии тиббии Русия низ иштирок намуданд.                Дар машварат дар бораи тадбирҳои роҳ надодан ба паҳншавии бемории A/HINI дар мамлакатҳои ИДМ қарор қабул карда шуд.                Дар он тадбирҳои Федератсияи Русия барои пешгирии паҳн гардидани беморӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Ҷониби Русия пешниҳод кард, ки дар мавриди ошкор гардидани нишонаҳои беморӣ дар мамлакатҳои ИДМ ба онҳо кӯмак расонда метавонад.                Ҳамчунин мамлакатҳои ИДМ қарор доданд, ки дар бораи вазъияти паҳн гардидани беморӣ ва ёфт шудани доруҳо барои табобати он ба ҳамдигар фавран хабар диҳанд.               Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, бемории мазкур аввали моҳи июн дар 73 мамлакати ҷаҳон паҳн гардид ва 26 ҳазору 563 нафар ба он гирифтор шуд. То имрӯз аз ин ҷумла 140 бемор вафот кард.

Июнь 12, 2009 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд