МАОШИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ЗИЁД МЕШАВАД
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон маоши хизматии кормандони муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг аз 1 июл сар карда 30% зиёд карда мешавад. Тибқи ҳамин фармон аз 1 сентябр маоши хидматии кормандони муассисаҳои илмӣ, кормандони муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо ва муассисаҳои таълимоти ибтидоии касбӣ, инчунин методистҳои шӯъбаҳои маориф 15% зиёд карда ва маоши хидматии кормандони мактабҳои мусиқӣ ва санъат ба музди кори кормандони мактабҳои дигари маълумоти умумӣ баробар карда хоҳад шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки музди кори устоҳои таълими истеҳсолии омӯзишгоҳҳои касбӣ ба музди кори муаллимони ин муассисаҳо баробар карда мешавад. Фонди музди кори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 15% зиёд карда мешавад. Барои иҷрои вазифаи мудири кабинетҳои таълимии мактбҳои таълимоти умумӣ ва шӯъбаҳои маориф ба андозаи 10% маоши хидматӣ маблағи иловагӣ пардохта хоҳад шуд. Ғайр аз ин музди кори кормандони дигари муассисаҳои таълимӣ, ки ба гурӯҳҳои зикршуда дохил карда нашудаанд, 15% зиёд карда мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






