МАРАФОНИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ ДАР ШАБАКАИ АВВАЛ
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 13 июн дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун таҳти шиори «Хун барои ҳаёт» марафони телевизионӣ гузаронида мешавад. Бояд гуфт, ки Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун ҳар сол 14 июн дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки вазирони тандурустии ҳамаи мамлакатҳои аъзои Анҷумани ҷаҳонии саломатӣ соли 2005 рӯзи ҷаҳонии донорҳоро муқаррар карда буданд. Дар Тоҷикистон соли 1952 аввалин маротиба ба захира кардан ва истифода кардани хун барои табобати бемориҳо шурӯъ карда буданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ айни ҳол бо вуҷуди вазъи душвори иҷтимоию иқтисодӣ барои рушди соҳаи таъминоти хун тадбирҳои судбахш меандешад. Дар ин бора қонун «Дар бораи донорҳои хун ва ҷузъиёти он» шаҳодат медиҳад, ки моҳи марти соли 2009 қабул шудааст. Маркази ҷумҳуриявии хунгузаронии вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ҳамаи хоҳишмандонро даъват менамояд, ки 13 июн дар марафони телевизионӣ иштирок намоянд. Марафони мазкур пагоҳ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, тангкӯчаи 6, бинои 1 баргузор мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






