МАШВАРАТИ КОРӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ

Июнь 15, 2009 13:31

                  Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз дар Душанбе машварати корӣ оид ба мавзӯи «Роҳҳои самараноки ҳамкории ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар пешгирии нашъамандӣ» баргузор мегардад.                 Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази миллии назорат ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.                 Машварат дар доираи маъракаҳое, ки ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ бахшида шудаанд ва ҷиҳати татбиқи Меморандум оид ба ҳусни тафоҳум, ки дар байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон имзо шудааст, гузаронида мешавад.                   Ин чорабинӣ барои ҳалли масъалаҳои «Барномаи пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва беҳтаркунии хизматрасонии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 — 2010», «Барномаи давлатии умумии пешгирии нашъамандӣ ва мухолифат бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 — 2012», гузаронида мешавад.                    Яке аз мақсадҳои асосии ин барнома — пешгирии болоравии сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва гардиши ғайриқонунии онҳо, кам кардани миқёси паҳншавии нашъамандӣ ва вобаста ба он — қонунвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо, равона шудааст.                  Дар кори машварат намояндагони Вазорати тандурустӣ, Вазорати адлия, Оҷонсӣ оид ба назорати маводи нашъаовар, Вазорати маориф, шӯъбаҳои минтақавии марказҳои ВНМБ/АҒНМБ, ташкилотҳои ҷамъиятие, ки барои пешгирии нашъамандӣ ва ВНМБ фаъолият мекунанд, инчунин созмонҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. 

Июнь 15, 2009 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд