МАШВАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Июнь 18, 2009 08:00

                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷрои Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.                  Дар машварат масоили вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Маскаву Екатеринбурги Русия, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, чамъоварии маблағи истифодаи барқу газ, гузаштан ба лампаҳои каммасраф, ҷамъоварии беталафи ҳосили ғалла ва меваю сабзавот баррасӣ шуд.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои татбиқи амалии натиҷаҳои сафари ӯ ба Русия ва мулоқотҳои анҷомдодааш, хусусан вохӯрӣ бо тоҷикону тоҷикистониёни муқими Русия нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шавад.                  Оид ба соҳаи кишоварзӣ супориш дода шуд, ки ба деҳқонон барои ҷамъоварии беталафи ҳосили фаровони ғалладона кӯмак расонда шавад ва барои пешгирӣ аз сӯхтори ғаллазор чораҳои зарурӣ андешида шаванд.                  Роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки оид ба иҷрои буҷети давлатӣ ва таъмини саривақтии маошу нафақа чораҳои муассир андешанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 18, 2009 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд