МАСОИЛИ ТУРИЗМИ КИШВАРҲОИ ИДМ-РО ДАР МИНСК БАРРАСӢ КАРДАНД

Июнь 15, 2009 14:52

                  Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорусия ҷаласаи Шӯро оид ба туризми Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид.                  Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон хабар доданд, дар кори ҷаласа аъзои Шӯро, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов иштирок намуд.                    Дар доираи ҷаласа Шӯро масъалаҳои вобаста ба рушди туризм дар кишварҳои ИДМ дар шароити бӯҳрони иқтисодиву молиявӣ, ҳамкорӣ дар омода намудани мутахассисони соҳа дар давлатҳои аъзо ва ҳамзамон амалӣ намудани қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои ИДМ барои солҳои 2009-2010 баррасӣ шуданд.                    Инчунин, дар ҷаласа масъалаи интихоби раиси Шӯро баррасӣ гардид. Аз ҷониби иштирокчиён якдилона роҳбари Агентии федералӣ оид ба туризми Федератсияи Россия Ярочкин Анатолий Иванович Раиси Шӯро оид ба туризми Иттиҳоди давлатҳои мустақил интихоб гардид.                   Ба назардошти вазъи бӯҳрони иқтисодиву молиявӣ дар ҷаҳони муосир ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳамкориҳои мутақобилан судманд ривоҷ дода шаванд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки сайрхатҳо ва ҳамкориҳое, ки дар самти туризм дар кишварҳои аъзо мавҷуд буданд, аз ин нав эҳё карда шаванд.                   Ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба туризми Иттиҳоди давлатҳои мустақил моҳи октябри соли ҷорӣ дар арафаи Ассамблеяи Генералии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Туристӣ дар шаҳри Остона баргузор мегардад.

Июнь 15, 2009 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд