МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- «Масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд»- таҳти чунин унвон китоби нави унвонҷӯи Академияи таҳсилоти миллии ҶТ, устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода Фирӯза Ҳоҷиева дар нашриёти «Ирфон» аз чоп баромад. Муаллиф дар асоси анъана ва суннатҳои пурарзиши исломӣ, таълимоти Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ, назари чанде аз исломшиносон нисбат ба мавқеи ислом дар боби тарбият, истифодаи дурусту бамавриди он дар тарбияи насли ҷавон, бартараф намудани падидаҳои номатлуб, аз қабили майхорагӣ, истифодаи маводи махаддир, камнуфуз гардидани хонавода ва ғайраҳо мулоҳизаҳои судманд пешниҳод кардааст. Рисола барои донишҷӯён, устодон, омӯзгорон ва пажӯҳишгарони масоили таълиму тарбият, волидайн ва алоқамандони илми педагогика пешниҳод мегардад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






