МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ОБУ ЭКОЛОГИЯ
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 2 июн дар шаҳри Душанбе бо мақсади идомаи ҷараёни иҷрои барномаи Комиссияи Аврупо дар мавзӯи «Ҳамоҳанг сохтан ва ба ҳамдигар наздик намудани стандартҳо ва меъёрҳои истифодаи об дар Осиёи Марказӣ» семинари миллӣ баргузор мегардад. Дар он мутахассисони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон барномаҳои миллии худро дар бораи стандартҳо ва меъёрҳои сифати оби минтақа пешниҳод менамоянд. Дар муҳокимаи онҳо намояндагони СММ, муассисаҳои соҳавии Осиёи Марказӣ, вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон, Маркази муҳофизати захираҳои оби назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Агентиҳои ҳавосанҷӣ ва назорати давлатии эпидемиологии Вазорати тандурустии мамлакат ва ғайра иштирок хоҳанд кард. Роҳбари барномаи «Дастгирии ташаббусҳои марбут ба оби Осиёи Марказӣ» Александр Николаенко ҷамъомадагонро бо натиҷаҳои семинари минтақавии дар Бишкек баргузоргардида шинос менамояд. Дар семинар инчунин масъалаҳои марбут ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи истифодаи об, идораи дарёҳои сарҳадгузар, беҳтар сохтани самараи истифодаи об дар минтақа, кам кардани миқдори ифлоскунандагони обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ ва беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ муҳокима карда мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






